21-сола, зодаи Хатлон. Қотили ронандаи таксӣ дар Душанбе кист?
Ҷасади ҷавони дар хун оғушта Эраҷи Эмомалӣ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Тавре маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркаши тамғаи «Хундай-Солярис», рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд дарёфт гардид. “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд”,-иттилоъ дод манбаъ.
Муайян гардидааст, ки ҷинояти мазкурро Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович, санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст. Номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда Муҳиддинов Саймумин парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ