21-соли зиндон барои 17 кордзадани хамсар

Додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти додгоҳ рӯзи 19 декабр гуфтанд, Худойбердиев ҳамсарашро бо 17 зарби корд ба қатл расонда буд. Аз ин зан ном бурда намешавад, аммо мақомоти додгоҳ гуфтанд, ӯ 26 сол дошта, соҳиби як тифл аст.

Як манбаи наздик ба баррасии парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Худойбердиев соли 2015 аз муҳоҷират баргашта, ҳамсараш ба хиёнат муттаҳам кард ва миёнашон тақрибан як сол баҳс идома доштааст. Ба қавли манбаъ, “дар як ҷанҷол, ки миёни онҳо рӯзи 22 сентябри имсол дар хонаи хоҳари Худойбердиев рух дод, ӯ ба сари ҳамсараш корд кашида, 17 корд задааст.”

Додгоҳ Бахтиёр Худойбердиевро барои “куштори махсусан бераҳмона” айбдор донист. Додгоҳ гуфт, баъд аз қатли ҳамсар ӯ мехост худкушӣ кунад, вале кормандони пулис ҳозир шуда, аз ин кор ҷилавгирӣ карданд. Бино ба омори расмӣ дар нимсолаи аввали 2016 бист ҷинояти “куштори барқасдонаи инсон” ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соле пеш зиёд 3 адад зиёд мебошад.

Ҳафтаи гузашта низ як марди 38-солаи сокини Истаравшан вақти ҷанҷоли оилавӣ ба пойи ҳамсараш як бор корд зада, захмӣ кардааст. Ҳоло ин зан дар бемористон табобат мегирад ва мақомот алайҳи шавҳараш парвндаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *