21-уми июн дар Душанбе Рӯзи умумиҷаҳонии мусиқӣ таҷлил мешавад
21-уми июн соати 17:00 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мусиқӣ — “Fête de la Musique” дар майдони 800-солагии Москва (назди Театри опера ва балет) Фестивали мусиқии электронӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Маркази фарҳангии “Бохтар”, имсол пешсафии ҷашнвораро гуруҳи “Baccus” (Баккус) ва диҷей, ки аз Фаронса даъват шудаанд, ба уҳда дорад.
— Гуруҳи “Baccus” иштирокчии ҳамешагии фестивалҳои байналмилалӣ дар Аврупо ва инчунин диҷейи доимии яке аз клубҳои бузурги Фаронса мебошад. Дар саҳна бо диҷейи фаронсавӣ беҳтарин намояндагони мусиқии электронии тоҷик — гуруҳҳои “Prooftj”, “RVXIN”, мусиқинавозон Фирдавс Исоев, Ша Ген, Dj Jova, Emre Jan, BadaVia ҳунарнамоӣ намуда, меҳмонони чорабиниро бо нерӯи оҳангҳои худ қувва мебахшанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ