Сурен Шадунс -сарвари Тоҷикистон, дӯсти Лоҳутӣ ва қурбонии Сталин
Фоҷеаи Қарабоғи куҳӣ солҳои охир яке аз мавзуъҳои доғ дар расонаҳои ҷаҳонӣ аст. Мардуми тоҷик ҳам ҳаводиси Қарабоғро пайгирӣ мекунанд, зеро давоми 70 сол ин минтақа чун Тоҷикистон ҷузъе аз кишвари паҳновари Шуравӣ буд. Вале кам касон имрӯз медонанд, ки Қарабоғро ду фарзандаш низ бо кишвари мо мепайванданд, яке Сурен Шадунс, дигаре Андрей Бобоев…
Фарзандони Қарабоғ
Дар бораи бастакори маъруфи Шуравӣ Андрей Бобоеви қарабоғӣ ва ҳамкории ӯ бо “Тоҷикфилм” устод Мирзо Турсунзода ва дигар фарҳангиёни тоҷик зиёд навиштаанд. Оҳанги эҷоднамудаи ӯ — “Я встретил девушку” — “Ман бо духтаре вохӯрдам” бо суханҳои сеҳрангези устод Турсунзода то имрӯз вирди забон аст. Вале дар бораи Сурен Шадунс хеле кам навиштаанд. Ҳол он ки, ӯ аз 3-юми январи соли 1935 то 16-уми январи соли 1937 Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон буд, яъне роҳбари давлат. Ҳафтаи равон 125-солагии мавлуди Шадунс буд, бинобар ин, ёде аз ӯ мекунем.
Зинаҳои ҳизб
Сурен Шадунс моҳи октябри соли 1898 дар деҳаи Ҷабраили минтақаи Шушаи Қарабоғи куҳӣ таваллуд шудааст. Ба миллат арманӣ мебошад. Таҳсилоти ибтидоӣ ва олиро дар Қарабоғ гирифта, соли 1921 ба Ереван меравад ва ба ҳаракатҳои инқилобӣ пайваста, дар барқарор кардани ҳокимияти советӣ дар Озарбойҷону Арманистон талош мекунад.
Солҳои 1921-1923 котиби Кумитаи умумииттифоқии Ҳизби коммунистӣ (буржуазӣ) дар Ереван буд. Баъдан муддате дар дастгоҳи марказии ҳизб фаъолият дошт.
Соли 1923 ба вазифаи сардори шуъбаи хоҷагии оби Комиссариати халқии заминсозии Арманистони шуравӣ таъйин мешавад. Баъдан Раёсати хоҷагии оби Закавказро роҳбарӣ менамояд. Солҳои 1928-1931 дар дастгоҳи марказии КМ ҲК (б) фаъолият менамояд.
Қурбонии репрессия
Дар оғози солҳои 30-юм Сурен Шадунс ба Осиёи Марказӣ фиристода мешавад. Солҳои 1931-1932 роҳбари Иттиҳодияи осиёимарказигии пахта, солҳои 1932-1934 Котиби бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК (б) шуда кор мекунад. Ҳамчунин дар мубориза бо ҳаракатҳои босмачигарӣ саҳм гузоштааст.
Соли 1935 Сурен Шадунс Котиби якуми КМ ҲК (б) ҶШС Тоҷикистон таъйин мешавад ва дар оғози соли 1937 бо ҷурми хунукназарӣ ба кори ҳизбӣ аз вазифа сабукдӯш мешавад. Ҳамон моҳ дар матбуоти Тоҷикистон ба муқобили ӯ мақолаҳо нашр мешаванд.
Моҳи ноябри соли 1937 Сурен Шадунс ҳам қурбонии репрессияи сталинӣ мешавад. Бо қарори коллегияи Суди Олии ИҶШС ӯро ба ҳукми қатл маҳкум карда, 21-уми апрели соли 1938 дар маҳаллаи Коммунаркаи вилояти Москва парронида мешавад. Моҳи сентябри соли 1956 бошад, ӯ сафед карда мешавад…
Ғалаба дар сиёсати пахта
Дар бораи Сурен Шадунс маълумоти зиёд дар даст нест. Матбуоти солҳои 30-юмро вақте кас варақ мезанад, маълум мешавад, ки ӯ як коммунисти маъмулӣ буда, барои иҷрои супоришҳои ҳизб талош мекард. Махсусан, вай барои мустаҳкам кардани кори колхозҳо ва рушди пахтакорӣ дар кишвар ҷон меканд. Саҳифаҳои зардшудаи матбуоти солҳои 30-юм баёнгари онанд, ки пахта барои Шадунс мавзуи меҳварии фаъолияти кориаш будааст. Зеро дар ҳар шумораи рӯзномаҳои даврӣ масъалаи пахта бардошта мешуд, ки он ҷо Шадунс қаҳрамони меҳварӣ буд.
Талошҳои Шадунс дар соҳаи пахтакорӣ самар меорад ва билохира соли 1935 пахтакорони тоҷик бо иҷрои 135% дар иҷрои плани пахта дар Иттиҳоди Шуравӣ мақоми дуюмро соҳиб мешаванд.
Ба ин муносибат 4-уми декабри соли 1935 дар Кремл маросими пазироии колхозчиёни тоҷик (ва туркмен) баргузор шуд. Дар ин маросим бо роҳбарии Сурен Шадунс, шоир Абулқосим Лоҳутӣ, Муқим Султонов, роҳбарони колхозҳо Саидхоҷа Урунхоҷаев, Тешабой Худоёров, тракторчии МТС-и Вахш Салимҷон Ҷалилов ва пионери 11-сола Мамлакат Наҳангова ширкат намуданд. Меҳмононро худи Иосиф Сталин пазироӣ ва онҳоро бо мукофотҳои давлатӣ қардонӣ кард.
Диққати Сталинро бештар дар чорабинӣ Мамлакат Наҳангова ҷалб карда буд. Ин духтари 11-сола аз колхози ба номи Лоҳутии ҷамоати Шоҳмансури ноҳияи Сталинобод ба Алексей Стаханови ангишткан, ки меъёри якрӯзаи корашро 14,5 баробар зиёд иҷро карда, 102 тонна ангишт канда буд, баробар шуда, дар як рӯз 102 кг пахта чид.
Мамлакат муваффақияти Сурен Шадунс дар ин пазироӣ буд.
Роҳбари фарҳангӣ
Аз маълумоти матбуоти солҳои 30-юм бармеояд, ки Сурен Шадунс шахси фарҳангӣ ҳам будааст. Ӯ ба масоили фарҳангӣ бевосита дахолат карда, бо зиёиёни эҷодкор робитаи мустақим дошт.
Барои мисол, ӯ моҳи марти соли 1936 песаи “Шоҳнома”-ро, ки Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошта буд, дар ҳуҷраи кории худ ба муҳокима мекашад. Дар ин муҳокима директори театр Бобоҷонов, ҷонишанаш Турчинская, роҳбари бадеӣ Тихонович, иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ Миркарим Саидов, Абдураҳмон Исматов, Комиссари халқии маориф Ҳасанов, роҳбарони шуъбаҳои КМ — Мавлонбеков, Абдинов, Ризоев ва Павлов ширкат мекунанд. Аз гузориши “Тоҷикистони советӣ” бармеояд, ки Шадунс хеле бо ҷиддият ба муҳокимаи песа мепардозад. Ӯ ба саволи “Оё кормандони театр песаро фаҳмидаанд?” посух меҷӯяд ва дастоварду камбудиҳоро баён мекунад. Барои мисол, Шадунс зидди символизм баромада, мегӯяд, ки коргару деҳқон рамзу розро намефаҳманд ва театр бояд аз рӯйи меъёрҳои реализми сотсиалистӣ амал карда, онро ба мардум фаҳмо намояд.
Дӯсти Лоҳутӣ
Сурен Шадунс дӯсти наздики Абулқосим Лоҳутӣ ҳам будааст. Тибқи иттилои адабиётшинос Валӣ Самад, ӯ то омаданаш ба Тоҷикистон бо шоири инқилобӣ робитаи бародарона барқарор карда будааст. Шадунс бахшида ба 30-солагии фаъолияти эҷодии Лоҳутӣ телеграммаи табрикӣ фиристода, навишта буд: “… ба шумо саломи рафиқона мерасонам”.
Солҳои 30-юм пантуркистоне чун Бектош, Комилӣ, Боту ва Чӯлпон ба Лоҳутӣ ва шеъраш ҳуҷум намуданд. Онҳо Лоҳутиро бо руҳияи архаистӣ доштани шеъраш, пойбанди тасаввуф буданаш, доҳиёни пролетариати ҷаҳонро дуруст нашинохтанаш ва тарғибгари ахлоқи нохуш ва номақбул буданаш гунаҳгор мекарданд.
Сурен Шадунс ин ҳама даъвоҳои беасосро дар Пленуми якҷояи КМ ҲК ва КИМ-и Тоҷикистон инкор карда, гуфт: “… Лоҳутӣ барои ҷавонони бузургшудаистодаи тоҷик беҳтарин муаллим мебошад. Дар Тоҷикистон ва инчунин дар шарқи хориҷӣ ягон гӯша ёфт намешавад, ки дар он ҷо Лоҳутиро нашинохта бошанд…”.
Бо ҳамин даъвоҳо ба муқобили Лоҳутӣ поён ёфтанд…
Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ