Толеъномаи 30-юми ноябри соли 2023
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Эҳтимоли ба хона меҳмон омадану ташвишҳои ногаҳонӣ дар назар аст. Беҳтар аст агар дар ин рӯз касе асаби шуморо хароб насозад. Дар ҷодаи муҳаббат бурдборӣ насибатон мегардад. Нафарони муҷаррад ҳангоми дар мағозаву бозор гаштан бахти худро пайдо месозанд, ба шарте ки шиноси ёфтаашон дар мучали ҷаддӣ таваллуд шуда бошад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Ба садои қалб гӯш андохта, бе ягон сабаб таваккал накунед, зеро аввали рӯз эҳтимоли ба ғалат роҳ додану чизеро гум карданатон дар назар аст. Харидҳоятон бобарор анҷом ёфта, мушкилоти рӯзгорро рафъ месозед. Нисбати нафаре, ки чанд сол қабл дар ҳаққи шумо бадӣ карда буд, аз ҳад зиёд меҳру шафқатро раво набинед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Ҳар нақшаву нияте, ки дар ин рӯз ба саратон меояд, маблағи хуб ба даст меорад. Ба муносибати ошиқона диққати хоса диҳед. Қабл аз он ки дӯстдоштаатонро барои харидани чизе талқин мекунед, сараввал мушкилоти худашро пурсон шавед. Маҳз маслиҳату дастгирии шумо боиси оромӣ ва осоиштагии рӯзгоратон мегардад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Нафарони дар бурҷи саратон тавлидёфта тамоми рӯз дар фикри пешравии касбу кор мешаванд. Агар нафаре аз шумо қарздор бошад, вақте расидааст, ки қарзатонро баргардонад. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақият насибатон мегардад, вале агар дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъол бошед, дучори мушкилоту ногувориҳо мегардед. Мардони ошиқ бояд аввал кисаи худро пури пул карда, баъдан изҳори муҳаббат намоянд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Ҳангоми харид ва иҷрои корҳои хона ба кӯмаки аҳли оила такя намоед. Кӯмаку дастгирии шумо низ ба аҳли оила ҷасорат мебахшад. Дар ин шабу рӯзҳо барои мулоқоти ошиқона вақт пайдо кардан бароятон душвор мегардад. Рафту муҷаррад бошед, ба нафаре бештар диққат диҳед, ки паёмакҳои ошиқона ирсол менамояд. Аз ҷангу муноқиша дурӣ ҷӯед, вагарна сиру асрори пинҳониятон фош мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Барои маъракаву дилхушиҳо вақт намеёбед, вале уҳдадориҳои оилавиро ҳатман ба анҷом мерасонед. Дар ҷодаи муҳаббат шаку шубҳа аз дилатон дур мегардад. Дар ин рӯзҳои хазонрез қалби нафарони муҷаррадро нафароне ба даст оварда метавонанд, ки дар мучали ақраб, далв ва қавс ба дунё омадаанд. Ба ғизои худ диққати хоса диҳед, дар ин айём фарбеҳ шуданатон осон аст.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Аз натиҷаи заҳмати худ фахр мекунед, вале барои меҳнати кардаатон маблағи иловагӣ талаб карданро фаромӯш насозед. Ташвиши оилавиятон дар ин шабу рӯз зиёд мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед, бетоқатӣ ва серталабӣ бар зарари худатон мегардад. Яке аз шиносҳо бо нияти хостгорӣ даратонро мекӯбад.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ба мушкилоти наздикони худ диққати хоса диҳед. Нафаре аз наздикон ба кӯмаки шумо ниёз дорад. Тамоми рӯз серкор мешавед. Нафарони муҷаррад бо ҳар баҳона ба шахси барояшон писанд дар робита мешаванд. Ҳангоми иҷрои корҳои вазнини ҷисмонӣ боэҳтиёт бошед, хатари афтидану ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Барои он ки дар хонаатон муноқиша сар назанад, дар сари қаҳру ғазаб ба дағалӣ роҳ надиҳед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Тамоми ҳодисаву рӯйдоди дар ин рӯз сарзадаро ба фоидаи худ истифода бурда метавонед. Баъзан одати худбоварӣ ва иззатталбӣ дар лаҳзаҳои душвор кӯмак мерасонанд. Дар масъалаи саломатӣ танҳо ба табибони ботаҷриба муроҷиат кунед, худсарона дору хариданро ба худ одат накунед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошед. Нерӯи худро ба баҳсу муноқиша сарф накунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ба мушкиливу камбудиҳои дигарон кордор нашавед, вагарна ба ҷои ду нафар кор карданатон лозим меояд. Нақшаи ба тартиб овардани хонаву дарро кашида, ҳамзамон фикри истироҳати худро кунед. Хароҷоти кардаатон боиси коҳиш ёфтани вазъи молиявӣ намегардад. Агар нияти харидани асбобҳои техникиро дошта бошед, пулро беҳуда сарф накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Зиндагии шахсӣ ва муҳаббати ногаҳонӣ чунон ҳушу хаёлатонро банд месозад, ки мушкилоти ҷиддиро пай намебаред. Чунин сабукфикрӣ метавонад бар зарари шумо бошад, хусусан агар ғалату камбудиҳои зиёд мавҷуд дошта бошанд. Бояд дар фикри саломатии худ бошед, аз пайи ташхиси бемориҳо шавед. Миёнаи ҳафта маблағеро, ки интизор будед, ба даст меоред.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Барои нафароне, ки мушкилоти рӯзгор ва молӣ доранд, рӯзи хуб фаро мерасад. Серкорӣ ба саломатиятон бе таъсир намемонад. Бар замми ин, муносибатҳоятон бо наздикон вайрон мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба нозу инҷиқӣ роҳ надиҳед, ҳамзамон дӯстдоштаи худро дар хиёнат гунаҳкор накунед. Барои он ки мушкилоти рӯзгор бори гарон нашаванд, сари вақт аз пайи рафъ карданашон шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ