22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти Блэксмит ва ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин мизи мудаввар баргузор гардид.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти Блэксмит ва ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудавварро директори лоиҳавии ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” Улуғов Умед Амонович ҳусни оғоз бахшид. Дар ҷараёни конференсия директори минтақавии Институти Блэксмити ИМА дар кишварҳои ИДМ ва Муғулистон Петр Шаров маърузаи худро пешниҳод намуд.
Ҳамчунин намояндагон аз Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист иштирок доштанд.
Инчунин, дар ҳошияи конференсия маърузаҳо дар мавзуҳои нигоҳубин ва нигоҳдории замин, пеститсид чист ва хатари он дар чист, аксияҳои тозагӣ дар минтақаҳои вилояти Хатлон пешниҳод карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ