22 медали тиллову нуқра ва биринҷии хонандагони тоҷик аз Малайзия

Аз  14 то 17 апрели соли ҷорӣ дар шањри Пинанги давлати Малайзия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар он 19 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди 9 лоиҳа иштирок намуданд. Тибқи иттилои роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик сазовори Шоҳҷоиза, 2 медали тилло, 14 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд. Хонандагон-иштирокчиёни олимпиадаро намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва волидайни онҳо шоми 22 апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хос пешвоз гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *