22 нафар дар Покистон ҳалок шуд
Бегоҳи рӯзи чоршанбе дар ҳавзаи Аттоки музофоти Панҷоби шарқи Покистон бар асари ба дара сарозер шудани автобуси мусофиркаш на кам аз 22 нафар ҳалок ва 51 каси дигар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо истинод ба полиси маҳаллӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур тақрибан соати 10 бегоҳ ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Автобус, ки дар дохили он 82 мусофир қарор дошт, аз самти шаҳри Кохатаи музофоти Хайбар-Пахтунхва ба самти Лоҳур – маркази маъмурии Панҷоб ҳаракат мекард. Дар минтақаи кӯҳии Аттоқ дар яке аз хамгаштҳои душвор автобус ба дара сарозер шуд, ки дар натиҷа 18 нафар дар ҷои ҳодиса ва 4 каси дигар дар беморхона бинобар гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расиданд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, сабабҳои асосии ҳодисаи мазкур таҷрибаи кофӣ надоштани ронанда ва вайрон кардани суръати ҳаракат гардидаанд.
Ба гуфтаи табибон, вазъи чанд нафар вазнин арзёбӣ мешавад ва бинобар ин шумораи қурбониён метавонад афзояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ