22 сол ҳукми суд ба қотили модару кудаки 6 — сола
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гуноҳи куштани духтари хурдсол ва модараш ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти додситонӣ хабар медиҳад.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, гунаҳгор Парвизҷон Сайфиддинов «бинобар рафтору кирдори ҳамсари бародараш Абдусаломзода С., ки ӯро мунтазам бо баҳонаи бекоргардию тайёрхӯрӣ таҳқир менамуд, нисбати Абдусаломзода С. ҳисси бадбинӣ пайдо намудааст. Сайфиддинов П.А. ҳамчунин нисбати духтарчаи ҳамсари бародараш, хурдсол Аюбова Қ.С. низ нафрат намуд, ки аз шавҳари аввалаи Абдусаломзода С. буда, ҳамроҳи модараш ҳамчун узви оилаи бародараш зиндагӣ мекард. Ӯ нисбати духтарчаи хурдсол хусумат дошта, пайваста онҳоро таҳқир мекард”. Рӯзи 7 ноябри соли 2019 Сайфиддинов П.А. хурдсол Аюбова Қ.С.-ро дар танҳой дида, бо мақсади ба қатл расонидани ӯ, ки ҳамагӣ 6 сол дошт ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, бо корди хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими Аюбова Қ.С. корд зада, номбурдаро ба ҳалокат мерасонад. Сипас ӯ модари кӯдакро, ки барои наҷоти ҷони духтараш омада буд, бо чанд зарбаи дигари корд бераҳмона ба ҳалокат расондааст.
Дар бораи ин куштори бераҳмона моҳи ноябри соли 2019 ВКД чунин хабар дода буд:
Ошкор шудани куштори бераҳмонаи духтарчаи 6-сола ва модараш
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 7-уми ноябри соли 2019, тахминан соати
10:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон бинобар сабабҳои номаълум бо корди
хоҷагӣ гулӯи ҷияни хурдсолаш духтарчаи 6-соларо то рагҳои калони хунгард бурида,
ба ҳалокат расонидааст.
Сипас, ҳамсари бародараш зани 27-соларо бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо
корди хоҷагӣ 11-маротиба ба аъзои баданаш зада ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ