«Хуш омадед»: SuperApp-ро биомӯз ва соҳиби туҳфаҳо шав!
Муштариёни нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои омӯхтани имкониятҳои замимаи мобилии “MeгаФон Life” соҳиби мукофот мегарданд. Барои ин бори аввал анҷом додани амали муайян — масалан, мустақилона пайваст кардани хизматрасонии лозимӣ дар “MeгаФон Life” ё харидани чипта тариқи хизматрасонии “Намоишҳо” кифоя аст.
Барномаи “Хуш омадед” – ин квести иборат аз дувоздаҳ марҳила мебошад, ки онҳоро бо дилхоҳ тартиб ва дар вақти қулай гузашта мешавад. Онҳо ба вазифаҳои асосии “MeгаФон Life”, аз ҷумла пардохт тавассути “Ҳамён”-и мобилӣ, истифодаи зангҳо ва паёмрасонҳо дар замима, идоракунии хизматрасониҳои алоқа, вобастаанд.
Мукофотҳо барои гузаштани марҳилаҳо, ба монанди трафики интернет аз 200 то 1000 МБ, 1000 танга дар бозии » Лайфи » ё «комбо» — 4000 МБ барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳалли масоили ҳаррӯза ба истифодабаранда бонусҳои дилписанд низ тақдим менамояд. Мукофотҳо дарҳол пас аз анҷоми марҳилаҳо фаъол карда мешаванд. Муҳлати амали трафики интернети туҳфавӣ — 30 рӯз аз лаҳзаи фаъолкунӣ мебошад.
Ҳамаи муштариёни нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки тарофаи “Биё! Бисоз Life”-ро пайваст намуданд, ба таври автоматӣ иштирокчии барномаи «Хуш омадед» мегарданд ва метавонанд дар замима равзанаи марҳилаҳои барномаро бубинанд. Маълумоти бештар дар бораи шартҳо ва мукофотҳо дар ҷадвал оварда шудааст.
Марҳилаҳои квест | Шартҳои гузариши бомуваффақияти марҳилаҳои квест | Мукофот |
Шиносоӣ бо «Ҳамён» | Бақайдгирӣ дар «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life» | 1 000 Мб барои 30 рӯз |
Холҳои ман | Ивазкунии холҳои мавҷудбуда ба дилхоҳ мукофот дар «МегаФон Life» | 500 Мб барои 30 рӯз |
Хизматрасониҳои муфид | Пайваст кардани дилхоҳ хизматрасонӣ ё баста дар «МегаФон Life» | 500 Мб барои 30 рӯз |
Пардохти маблағи хизматрасониҳо ё молҳо бо «Ҳамён» | Пардохти маблағи хизматрасониҳо ё молҳо дар Ҳамёни «МегаФон Life» | 500 Мб барои 30 рӯз |
Тарофаро тамдид намо | Пардохти маблағи тарофаи худ барои давраи нави ҳисоботӣ на дертар аз 5 рӯз аз лаҳзаи фаро расидани вақти супоридани ПА тарофа | Комбо 4 000 Мб шабакаҳои иҷтимоӣ + YouTube |
Даъвати ман | Фиристодани даъват тавассути «МегаФон Life» ба онҳое, ки ҳанӯз «МегаФон Life» надоранд | Комбо 4 000 Мб шабакаҳои иҷтимоӣ + YouTube |
Занг задан/Навиштан мехоҳам | Анҷомдиҳии занг ба Life ё GSM дар «МегаФон Life». | 200 Мб барои 30 рӯз |
Салом, Доно! | Санҷидани тавозун ва бақияи бастаҳо дар қисми «Мушовир» бо ёрии чат-боти «Доно». | 500 Мб барои 30 рӯз |
Бозиҳо бо “Лайфи” | Ба даст овардани 1000 танга дар бозии «Лайфи». | 1 000 танга дар бозии «Лайфи» |
Бонуси ман | Пардохти маблағи тарофаи худ барои давраи нави ҳисоботӣ на дертар аз 5 рўз аз лаҳзаи расидани вақти супоридани пардохти абонентӣ | 2 000 Мб барои 30 рӯз |
Ба кино ё театр рафтан мехоҳам | Харидани чипта тариқи хизматрасонии «Намоишҳо» | Комбо 4 000 Мб шабакаҳои иҷтимоӣ + YouTube |
Рафтан ба мағозаҳо | Пардохти маблағи харидҳо тариқи QR ба маблағи аз 20TJS. | 1 000 Мб барои 30 рӯз |
Замимаи “МегаФон Лайф”-ро боргирӣ намуда, дар барномаи “Хуш омадед” иштирок кунед ва соҳиби туҳфаҳои муфид аз МегаФон Тоҷикистон гардед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ