229 ҳолати қонунвайронкунӣ дар Ҷайҳун

 Давоми соли 2023 дар ноҳияи Ҷайҳун беш аз 220 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд.

Танҳо барои бекор кардани 13 қарори ғайриқонунӣ ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод карда шудааст.

 Саидҷаъфар Шарифзода, раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар соли 2023-юм дар маҷмӯъ 229 — ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд.

Ӯ мегӯяд, майдони замине, ки сокинон даст ба қонуншиканӣ задаанд, 480 гектарро ташкил мекунад.

 Ба таъкиди вай ҷарима нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин, наздики 147 ҳазору 700 сомониро ташкил мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *