23 июн – Рӯзи байналмилалии олимпӣ
Ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад.
Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд.
Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба
проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд.
23 июн асосгузори ҳаракати олимпии муосир Пйер де Кубертен суханронӣ намуд. Дар
баромадаш ӯ ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард.
Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш
дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш
мебошад.
Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1894 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14
давлат баргузор шуд. Онҳо аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъд аз бештар аз 100 сол, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз
202 давлат дар 28 намуди варзиш ширкат карданд.
Дар Муоҳидаи олимпӣ омадааст: “Мақсади ҳаракати олимпӣ тарбияи ҷавонон ба воситаи
варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқат ва ба ин восита дунёи беҳтар ва осуда сохтан
мебошад”.
Чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин
мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд.
Дар робита ба ин сана Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти
маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо тартиб дод. Дар доираи нақша 20-21 май марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор шуд.
23 июн бошад, дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст. Аз
ҷумла, дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои гуштини озод, гуштини юнонӣ-римӣ, дзюдо, футболи хурд, қайиқронӣ, чавгонбозӣ, варзиши сабук доир мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ