23 санади ду президент дар Тошканд
Дар рафти сафари Президенти Тоҷикистон ба Узбекистон қарор дода шудааст, ки 23 санади ҳамкорӣ ба имзо расад.
Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд рӯзҳои 17 ва 18 август дар назар гирифта шудааст ва ин нахустин сафари президенти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ дар беш аз 20 соли охир хоҳад буд. Яке аз санадҳое, ки қарор аст дар ҷараёни ин сафар ба имзо расад, ҳамкории ду кишвар дар амри муқобила бо хатарҳои беруна мебошад. Дар миёни дигар санадҳо – созишномаи ҳамкорӣ дар бахши кинематография, ҳамкории хадамоти ҳавосанҷӣ, аломатгузории марзи ду кишвар ва дигарҳо мебошад.Сафари президенти Тоҷикистон ба Тошканд панҷ моҳ баъди сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе сурат мегирад. Дар ҷараёни сафари моҳи марти соли ҷорӣ миёни ду кишвар 27 санади ҳамкорӣ имзо шуд ва дар миёни созишҳои ҳосилшуда – ҳақи сафари бидуни раводид ба қаламрави ҳамдигар дар муддати 30 рӯз, роҳандозӣ шудани тиҷорати наздимарзӣ, ҳал шудани баҳси атрофи сарбанди Фарҳод ва дигарҳо мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ