Раиси порахӯр ва бародараш дастгир шуданд

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти раиси хоҷагии деҳқонии «Бобои Мерган»-и ноҳияи А. Ҷомӣ Абдумутолиб Пиров ва бародараш Мирзомуддин Пиров барои гирифтани пора ба маблағи калон хабар медиҳад.
Тавре ки дар сомонаи Агентии мазкур омадааст, зимни баррасии аризаи шаҳрванд «А» муайян гардид, ки Абдумутолиб Пиров аз 05.05.2007 то ин ҷониб дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «Бобои Мерган»-и ноҳияи А. Ҷомӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Мирзомуддин Пиров моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, ӯро бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 5000 доллари ИМА ба миқдори 0.06 га қитъаи замини наздиҳавлигиро аз заминҳои хоҷагии деҳқониашон, воқеъ дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Иттифоқ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд.
Шаҳрванд «А» ба суханони онҳо бовар намуда, ба бародарон 2000 доллари ИМА ва 20000 рубли русӣ медиҳад. Бародарон маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба манфиати худ истифода намудаанд.
Нисбат ба А. Пиров ва М. Пиров бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *