233 нафар нашъаҷаллобон аз озодӣ маҳрум шуданд

Дар соли 2017 3004  адад  парвандаҳои ҷиноӣ аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят Суғд   мавриди  баррасӣ   қарор дода шуд.  Ба гуфти  Раиси суди вилояти Суғд,  Оқилзода Бахтиёр Даврон аз ин шумораи парандаҳои ҷиноӣ  165 адад парванда вобаста ба  ҷиноятҳои терроризм ва экстемизм мебошад:

— Вобаста ба ин намуди ҷиноят 257 аз ҷониби судҳои вилоят ба мӯҳлатҳои гуногун аз озод маҳрум карда шудаанд, ки  аз ин шумораи  ҷинояткорон 1 нафарро зан ва се нафарро ноболиғон ташкил медод. Инчунин  169 парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, 233 нафар нашъаҷаллобон   ба ҳукми суд маҳкум шуданд-гуфт Оқилзода.

Раиси суди вилоят  вобаста ба даст доштани занҳо дар муомилоти маводи нашъадор гуфт, ки  соли  2017 6 нафар занон ба ин намуди ҷиноят даст задаанд, ки нисбат ба соли 2016  5 нафар кам мебошад.

                                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

  

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *