КМИР: То соати 12:00 иштироки интихобкунандагон дар Тоҷикистон 59% ташкил дод

📌 Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, то соати 12:00, 59% интихобкунандагон дар кишвар овоз додаанд.

✅ Бо расидан ба ҳадди 50% иштироки интихобкунандагон, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузоршуда ҳисобида мешавад.

📅 Имрӯз, 2 март, соати 06:00 дар саросари Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.

📍 Шумораи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ:
🔹 41 ҳавзаи якмандатӣ
🔹 3513 участкаи интихоботӣ дар дохили кишвар
🔹 36 участкаи интихоботӣ дар 28 кишвари ҷаҳон

🕗 Участкаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон то соати 20:00 фаъол хоҳанд буд.

📊 Натиҷаҳои пешакии интихобот дар давоми 24 соат, натиҷаҳои ниҳоӣ бошанд, на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми овоздиҳӣ эълон карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image