Президент имрӯз бо зиёиён вомехурад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон имсол бо зиёиёни кишвар имрӯз,  20-уми март дар Кохи Наврӯз мулоқот мекунад. 

Ба иттилои расида,  мулоқоти мазкур соати 14:00 дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар назар аст.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқот бо зиёиёни эҷодкорро интихоб намуд, ки ба иттилои дафтари матбуоти Президент дар ин рамз “нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд”.

Мулоқоти Президент бо зиёиён ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *