Суғд: таҳлили бурду бохт

24 марти дар шаҳри Гулистон   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ   Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки то аввали соли 2017 бақияи қарзи вилоят аз андоз ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ беш аз 130 миллион сомониро ташкил кардааст, ки ҳиссаи бештари он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Соли 2016 буҷети вилояти Суғд ба андозаи 101,8 фоиз иҷро шуда, ба он 1,9 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 34,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар вилоят 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии то имрӯз азхудшуда 1,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар ду соли охир дар вилоят 123 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст. Инчунин, дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба соли 2015  — 29 фоиз зиёд мебошад.

Соли гузашта кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 270 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 — 9,1 фоиз зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд. Нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд. Инчунин барои таъмин кардани маблағгузории лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои дорои аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар  машварат   аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, изҳори нигаронӣ карда шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2016 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6233 ҷиноят содир карда шудааст ва кушодани ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рафъи камбудиҳо, инчунин пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ вазифадор шуданд.

Дар кори машварат супоришҳои дигар ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав вобаста ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бамаротиб зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ оид ба пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани содироти он, истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар як ваҷаб замини кишт дода шуд.

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми соли 2017 шунида шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *