24 сол дар низоми судӣ

“Ман ҳамеша аз паси адолат қадам гузоштаам. Ҳамеша кӯшидам то адолат тавъам бо виҷдонам бошад. 24 соли ҳаёти худро барои ҳимоя ва барқарорсозии адолат бахшидаам. Ҷое ҳуқуқи занонро ҳимоя кардаму ҷойи дигар барои нонпулии кӯдакон қарор баровардам. Имрӯз ифтихор мекунам, ки барои Ватану мардумам коре кардаам”,-қисса мекунад қаҳрамони мо.

 Марҳабо Наимзода замони наврасӣ мехост ноадолатиҳои замонро аз байн барад. Аз ин рӯ, пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид.

“Мактабро бо баҳои аъло хатм кардам. Чун дар ноҳияе таваллуд шуда будам, ки аксар духтаронаш дар мактабҳои олӣ таҳсил мекарданд, барои идомаи таҳсилам касе зид набуд,”-мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо донишгоҳро хатм карда, ба зодгоҳи худ, шаҳри Конибодом бармегардад ва дар корхонаи «Иттифоқи матлуботи Тоҷикагроснаб» ба кор шуруъ менамояд. Марҳабо шурӯъ аз соли 2000 ба низоми судии мамлакат ворид шудааст. Ӯ фаъолиятро аз Адвокатураи шаҳри Хуҷанд оғоз карда, баъдан дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси судя кор кардааст.

Моҳи феврали соли 2024 ба нафақа баромада, феълан дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси муаллимаи ҳуқуқ фаъолият мебарад.

“Дар низоми судӣ мӯйҳоям сафед шуд. Зиёд чизро омӯхтаму таҷриба кардам. Имрӯз он хотираҳоро ба ёд оварда, ба худ мегӯям, ки хело ба ҷуръат будаам. Бо чандин парвандаҳои ҷиноӣ кор карда, ҳукм баровардаам.”

Марҳабо Наимзода хушбахтии худро дар он медонад, ки ҳамсараш низ дар самти ҳуқуқ фаъолият бурдааст, аммо хеле ғамгин аз он аст, ки дар ҷавонӣ ҳамсарашро аз даст додааст.

“Ман бо мушкилиҳо ҷангидам. Ҳеҷ гоҳ аз кор ё пастиҳои зиндагӣ наҳаросидам. Азоби моддиву маънавӣ кашидам. Ҳамсарам соли 2004 аз дунё рафт ва ман бо ду писари хурдсол танҳо мондам. Барои он ки  фарзандонам ягон камбудӣ надошта бошанд, меҳнат кардам. Барои ҷигарбандонам ҳам падар ва ҳам модар шудам. Вале афсӯс, ки ҷои худораҳматӣ шавҳарамро гирифта натавонистам,”-мегӯяд бо таассуф.

Қаҳрамони мо бо алам қисса мекунад, ки агар шавҳараш зинда мебуд, шояд дар ҳаёт азоби камтар мекашид. Фарзандони Марҳабо ҳарду хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд. Ҳоло бошад, ӯ соҳиби ду келин ва чандин набера аст. Ин зани адолатхоҳ мегӯяд, ки агар бори дигар ба дунё ояд, боз ҳам ҳуқуқшинос мешавад:

“Вақте ки парвандаҳоро оиди ҷудошавии оилаҳо баррасӣ мекардам, хело рӯҳафтода мешудам, ки боз чанд кӯдак дур аз падар ё модараш бузург мешавад. Ҷояш мешуд, ки ба зану шавҳарон як моҳ, ду моҳ мӯҳлат медодам, то ки аз фикрашон гарданд. Таҷрибаҳое ҳам буданд, ки баъди фаҳмондадиҳӣ зану шавҳар оштӣ мешуданд.”

Марҳабо Наимзода мегӯяд, ки мушкили асосии аксар занҳои мо аз надонистани ҳуқуқҳояшон сар мезанад. Занҳо намедонанд, ки ҳангоми хушунати оилавӣ ба куҷо муроҷиат кунанд. Ӯ ҳамеша ҳомии ҳуқуқи занҳои хушунатдида буд ва имрӯз низ дар донишгоҳ ба шогирдонаш ҳимоя намудани ҳуқуқҳояшонро меомӯзад.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *