2,5 млн доллар грант. Шодрӯз роҳҳои шомилшавӣ ба донишгоҳҳои бонуфузро гуфт

Шодрӯз Неъматов — хатмкунандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд гранти байналмилалӣ барои идомаи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои Туркияро соҳиб гардид. Шодрӯз мегӯяд, ки феълан барои таҳсил дар кишвар ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. “Мо танҳо як роҳ дорем: хондан, омӯхтан ва ба пеш ҳаракат кардан”,- мегӯяд ӯ.

Шодрӯз то синфи 10-ум дар МТМУ №13-и деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ таҳсил карда, баъдан таҳсилро дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд давом дод. Ӯ чанде пеш гранти байналмилалӣ барои идомаи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои Туркияро соҳиб гардид, ки инро қадами устувор ба ояндаи дурахшони худ медонад. “Пас аз сипарӣ гардидани чанд муддат аз супоридани имтиҳонҳо барои соҳиб шудан ба гранти байналмилалӣ рӯзе директори литсей моро (ҳамаи иштирокчиёни озмунро) наздашон даъват намуда, табрик карданд. Сипас ба ҳар яки мо роҳхатҳои донишгоҳҳои хориҷаро тақдим намуданд. Воқеан, хурсандии мо ҳадду канор надошт”,- мегӯяд ӯ.

Шодрӯз ҷавони ташнаи илм аст ва ҳамин хислати илмдӯстиаш ӯро водор сохт, то дар олимпиадаи “Академияи хурди илмҳо” иштирок кунад ва соҳиби ҷойи аввалу медали тилло гардад. “Дар Академияи хурди илмҳо дар бахши экология бо мавзӯи “Ифлосшавии муҳити зист аз ҷониби инсон” иштирок кардам ва хушбахтона, дар даврҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал гардидам. Ҳамроҳи муаллима Зайнурахон Шокирова ин мавзӯро ду моҳ кор кардем ва соҳиби ҷойи аввал гардиданам натиҷаи ҳамин талошҳо буд”,- гуфт номбурда.

Шодрӯз Неъматов ҳамчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинаи адабиёти классикӣ иштирок кардаву сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид ва оғози муваффақиятҳои худро аз ҳамин озмун медонад.

Бисёр ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, дар ҳамон ҷо кору фаъолият кардан мехоҳанд, вале Шодрӯз “хоки ватанро хуштар аз тахти Сулаймон” медонад: “Ман пас хатми донишгоҳ ҳатман ба диёри биҳиштосоямон бармегардам. Мо ҷавонон бояд ватану миллатамонро дӯст дорем ва шукронаи сулҳу субот намуда, талош баҳри ояндаи дурахшони меҳан намоем”.

Шодрӯз ҳамсолони худро ба илмомӯзӣ даъват мекунад: “Наврасону ҷавонони мо бояд омӯзанд, бисёр китоб хонанд. Ҳамаи талошҳои роҳбарияти олии кишвар барои ҳамин аст, ки мо омӯзем ва дар оянда муаррифгари Ватани азизи хеш — Тоҷикистон бошем, зеро ғайр аз худи мо каси дигар ватани моро обод карда наметавонад. Мо танҳо як роҳ дорем — хондан, омӯхтан ва ба пеш ҳаракат кардан”.

Давоми соли хониши 2021-2022 муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаи фаннии байналмилалӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Тайланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок карда, 493 медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аз миёни иштирокчиён 12 нафар хатмкунанда дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар бурсияи омӯзишӣ ба даст оварданд, ки барои идомаи таҳсил дар беш аз 20 донишгоҳи бонуфузи Амрико ва мамолики дигар имконият медиҳад. Онҳо бо ин маблағ чаҳор сол ройгон таҳсилу иқомат мекунанд.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *