25 сол барои хушдоманкушӣ
Муовини суди вилояти Хатлон Темур Бойзода дар сӯҳбат бо хабарнигори «Тоҷикистон таймс» гуфт,ки Илҳом Имомидинови 27 сола, сокини ноҳияи Ёвони ҷамоати деҳоти «Ситораи Сурхи» деҳоти Чупонобод бо гуноҳи қатли хушдоман 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Имомидинов 2 январи соли ҷори бо Имомназарова Бибиоиша оила барпо намуда, дар манзили истиқоматии бобояш зиндагони мекардааст. Шаби аввал бо ҳамсараш Бибиоиша ҳамхоба шуда, маълум кардааст,ки ҳамсараш нодухтар будааст ва бо ин сабаб байнашон моҷаро сар мезанад. Аммо аз сабаби дӯст доштанаш аз ҳамдигар ҷудо нашуда, зиндагони осуда доштаанд. Модарарусаш Муродова Қизиларбос намехостааст,ки онҳо зиндагони якҷоя дошта бошанд ва кӯшиш мекардааст,ки духтарашро аз ӯ ҷудо кунад. Ҳарчанд Илҳом ба модарарӯсаш мефаҳмондааст,ки духтарашро дӯст медорад онҳоро ҷудо накунад,лекин хушдоман ба ӯ гуш накарда, ба манзили истиқоматиашон омада ҷангу ҷанҷол мекардааст. 13 марти соли ҷорӣ оилааш ба бемор шуда, ба беморхонаи маркази ноҳияи Ёвон бистари шудааства баъди як рӯз Илҳом ба аёдати ҳамсараш ба беморхона омадааст,ки ҳамин вақт хушдоманаш низ ба беморхона омадааст. Боз байни хуштоману домод муноқиша мешавад.
Имомидинов 15 май боз бо ҳамсараш Имомназарова Бибиоиша муноқиша карда, ҳамсараш ба хонаи падару модараш меравад. Илҳом як ҳафта пас тоқат накарда ба хонаи модарарусаш омада, аз модари ҳамсараш Муродова Қизиларбос хост,ки ӯро бо худ бибарад, аммо модарарусаш дигар намехостааст,ки онҳо бо ҳам зиндагӣ кунанд.
Илҳом аз хонаи модарарусаш ғазаболуд бар мегардад ва соати 22:30 дақиқа дар ҳолати масти бо худ кор гирифта, ба хонаи модарарусаш меояд ва аз тирезаи манзили истиқоматӣ вориди ҳуҷраи хоби модарарусаш шуда , ба бадани хушдоманаш 3 маротиба корд мезанад ,ки ҳамсараш ва хоҳарарусаш бедор шуда , доду фиғон мекунанд.
Ӯ бо корди дастиаш ба онҳо низ зарба зада мегурезад. Дар натиҷа хушдоманаш дарҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида , ҳамсараш Имомнзарова Бибиоиша , Имомнзарова Мавлуда,Муродов Муҳамадкарим,Муродова Фируза ҷароҳати ҷисмонӣ мебардоранд.
Имомидинов Илҳом бо модаҳои 104 қисми 2 банди «е»,110 қисми 2 банди «в», 112 ва 147 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва ӯ дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт ин муӯлаторо адо мекунад .
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ