25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашн гирифта мешавад

Аз 18 то 23 сентябри соли равон дар Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Давлати Кувайт маҳфилҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
Дар маҳфилҳои фарҳангӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, ҳунарпешагони Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ансамбли созҳои миллӣ аз «Кохи Рӯдакӣ», гурӯҳи асбобҳои зарбӣ бо роҳбарии Хайрулло Дадобоев ва пианинонавози ҷавон Ҷаннат Ҳусейнзода санъати тоҷикро муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *