25 судя маҳкум ба зиндон шуданд. Чаро?

Носирхон Сафарзода, додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлонро аз мансабаш барканор карданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар фармоне рӯзи 19-уми март сабаби ин тасмимро ба «кирдор»-е рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ «шаъну эътибори судяро паст мезанад».
Дар фармон тафсилот надодаанд, вале рӯзи 18-уми март хабаргузории «Азия-Плюс» бо такя ба манобеаш навишт, ки Носирхон Сафарзода бо гумони даст доштан дар фасод дастгир шудааст.
Пайвандони Сафарзода рӯзи 19-уми март бо Радиои Озодӣ тамос гирифта, боздошти ӯро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, гап дар бораи 5 ҳазор сомонӣ меравад, аммо иддао доранд, ки ӯ дар ин қазия «қурбонӣ аст».
Мақомот мегӯянд, ҳоло парванда боз шудааст ва таҳқиқ идома дорад.
Носирхон Сафарзода аз соли 2017 дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон кор мекард. Вай дар гузашта дар шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.
Ҳар сол чанд додрасро бо иттиҳоми “паст задани шаъну эътибор” аз мақом барканор мекунанд. Тобистони соли гузашта Шараф Турсунзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ ва Зайдулло Собирзода, раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисорро бо чунин иттиҳом аз мансаб барканор карданд.
Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва суистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд.
Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.
Дар даҳ соли ахир беш аз 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.
Феълан дар Тоҷикистон 450 додрас кор мекунанд.
«Озоди»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *