футбол

25-уми май дар тамоми Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо ҳудуди 5 ҳазор кӯдак ширкат хоҳанд кард.

Ҷашнвораи асосӣ рӯзи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати 600 кӯдаку наврас баргузор мешавад.

Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якуми футболи Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдомҳои вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 7-уми май Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *