250 сомонӣ, магар бо ин маблағ метавон  садди роҳи терроризм шуд?

 

-Не, ширкати мо дар  ин кор даст надорад!,-бо қатъият изҳор медорад Бег Сабур, ки ӯро расонаҳо қаблан ба таври бесобиқа ба баланд кардани нархи симкортҳои телефонҳои мобилӣ гунаҳгор  медонистанд.

-Мо ба ин кор мухолиф ҳастем ва ҳатто ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ нома навишта, хоҳиш намудем, ки ин корро накунанд. Бег Сабур ин иддаоро ҳангоми вохӯрии сарироҳӣ ба журналистон кардааст. Роҳбари Хадамоти алоқаро, ки  қаблан дар сайтбандиҳо низ гунаҳгор медонистанд, ин дафъа комилан зидди баланд шудани нархи сим — кортҳо изҳорот додааст. Пас, супориши кист, ки якбора сим-кортҳои панҷ сомониро 250 сомонӣ мекунанд? Дар ин маврид баъзе расонаҳо ВКД ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро ташаббускори болоравии нархи сим — кортҳо меноманд (Дар аксари кишварҳо сим — корт ба хотири дар оянда ба даст овардани маблағ аз ҳисоби он, бепул ба муштариён дода мешавад).  Ба гуфти мақомот,  арзон будани нархи сим — кортҳо гӯё сабаби пайдо шудани гурӯҳҳои тундрав ва амалҳои террористӣ мегаштааст. Биёед, аз ҳамин зовия ин амалро мантиқан  таҳлил мекунем. Террористе,ки мехоҳад, ягон ҷойро мавриди ҳамла қарор диҳад, қаблан бо маблағи ҳангуфт аз тарафи супоришдиҳандагонаш таъмин мегардад (тавре ки дар фоҷиаи Данғара чунин шуд). Ӯ барои дарёфти маводи мунфаҷира , яроқу аслиҳа маблағҳои калонро сарф мекунад. Агар шахсе, ки ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст задан хоҳад, харидани як ё якчанд сим — корт барояш душворие надорад. Пас, мантиқан баланд шудани нархи сим — корт наметавонад садди роҳи амалҳои террористӣ ва пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав гардад. Ин ҷо роҳи дигари таъсирбахшеро бояд ҷуст. Ба андешаи мо, аз ҳама роҳҳои беҳтаринаш ин фаҳмондадиҳӣ ба  баланд намудани маърифати аҳолӣ ва хусусан ҷавонон аст. Он чӣ, ки гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ба ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, мағзи чунин тарғиботро бояд ташкил диҳад. Албатта ин мавзӯи дигар аст ва дар вақти дигар онро пайгирӣ хоҳем намуд, аммо он чӣ, ки баланд кардани нархи сим — кортҳо садди роҳи ин амалҳо  намегардад, аниқ аст…

Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ ҳоло наздики 1,5 миллион ҳамватанони мо дар хориҷа кору  зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо дар ватан зану фарзанд ва падару модар доранд. Сим — кортҳои телефони мобилӣ   абадӣ нестанд ва   ба сабабҳои гуногун метавонанд гум шаванд ва ё корношоям гарданд. Минбаъд онҳо  бояд ба ивази 250 сомонӣ онро харанд. Ҳамчунин, агар сим — корт  зиёда аз се моҳ истифода нашавад, ширкатҳо фаъолияти онро қатъ мекунанд. Аксари мардикорони тоҷик аз ин муҳлат бештар ба кишварҳои дигар мераванд ва табиист, ки пас аз бозгашт бояд сим — корти нав харанд. Магар дар Тоҷикистон оилаҳои муҳоҷирон  аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонанд? Дар Тоҷикистон бошад, на танҳо сим — корт 250 сомонӣ шуд, балки нархи ба номи каси дигар гузаронидани он низ ба  ҳамин миқдор мешавад. Айни замон сокинони Тоҷикистон ҳақ доранд, ки ба номи худ танҳо ду сим — корт дошта бошанд. Дар гузашта мардум дар харидуфурӯши сим — кортҳо озод буданд ва як нафар метавонист, соҳиби чанд сим — корт гардад. Инчунин, ба номи каси дигар гузарондани сим — кортҳо танҳо бо пешниҳоди шиноснома ва бе пардохти иловагӣ сурат мегирифт. Аллакай  «Мегафон» рӯзи 19-уми август ба даҳҳо муштарии худ навишт, ки  хадамоти ба номи каси дигар гузарондани сим — корт то якуми сентябр мисли пешина сурат мегирад,аммо чунин хизматрасонӣ пас  аз якуми сентябр 250 сомонӣ хоҳад шуд. Яъне боло…боло…ва боз боло…Дар оғози пайдоиши телефонҳои мобилӣ Тоҷикистон яке кишварҳои пешрафтатарин дар ҷодаи хизматрасонӣ дар ин соҳа буд ва ҳатто хориҷиён аз кишварҳои мутараққӣ аз химатрасонии соҳаи алоқаи мо дар ҳайрат буданд. Он замон дар кишвар зиёда аз даҳ ширкати мобилӣ амал мекард. Ҳоло аз ин шумора танҳо 4 ширкат – «Вавилон”, «Мегафон”, «ТСелл” ва «Билайн” боқӣ мондаасту халос. Бар асоси таҳқиқотҳо, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон соли 2017 дар маҷмӯъ ҳудуди 300 миллион доллар даромад доштаанд. Дар соли 2012 бошад, даромади онҳо ба 600 миллион доллар баробар  буд. Аз як тараф,  сабаби кам шудани  шумораи чунин ширкатҳо ва даромади онҳо натиҷаи рақобат бошад, аз ҷониби дигар, моҷароҳои пайваста байни мақомоти андоз ва торафт душвор гардидани фаъолият дар фазое,ки ба пешрафти кор мусоидат намекунад, мебошад. Ин аст, ки фазои алоқаи моро дигар кишварҳо соҳиб шуда истодаанд. Аз ҷумла, ҳоло сокинони  ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон, ки ба Қирғизистон наздиктаранд, аз симкортҳои қирғизӣ истифода мебаранд,ки ҳам хизматрасониашон хушсифат асту ҳам арзонтаранд. Агар чунин ҳолат идома  ёбад, шояд дар ин минтақаҳо онҳое ҳам,ки то имрӯз ба ширкатҳои тоҷикӣ “содиқ” мондаанд, аз ширкатҳои хориҷӣ истифода кунанд.  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба  250 сомонӣ баробар шудани  нархи сим-корт дар Тоҷикистонро мардум сахт маҳкум мекунанд. Аксарият чунин нархи баландро  ҷабр нисбат ба мардум меноманд. Дар илми ҳуқуқшиносӣ мафҳуме ҳаст, ки мегӯянд: “Бигзор сад гунаҳгор берун аз маҳбас монад, нисбат ба он ки як бегуноҳ ба паси панҷара равад”  ё ин ,ки “барои як кайк шуда, пӯстинро намесӯзонанд”. Ба муқобили ин “кайкҳо” бояд дастаҷамъона ва бо роҳи дигар мубориза бурд, на бо роҳи пӯстинсӯзӣ ва даст задан ба ҷайби  сокинон…

P.S. Дирӯз вакили Парлумони Тоҷикистон Олим Бобоев низ изҳори назар намуд,ки  баланд кардани нархи симкортҳо ба зарари мардуми Тоҷкистон аст ва аз ин танҳо ширкатҳои мобилӣ фоида мебинанд. Аммо муовини Бег Сабур дап як сӯҳбат гуфтааст,ки балндкунии нарх «ба фоидаи мардуми тоҷик аст…» Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин?

 

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *