Рустами Эмомалӣ Раиси шаҳри Душанбе шуд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармони худ Рустами Эмомалиро раиси шаҳри Душанбе таъин кардааст. Рустами Эмомалӣ то ин вақт иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори пойтахт буд.
Фармони Президент дар бораи таъини Рустами Эмомалӣ 4 апрели соли равон таҳти рақами 862 имзо шудааст.
Зимнан, Рустами Эмомалӣ бо як қарор рӯзи баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷумро муайян намудааст. Дафтари матбуоти шаҳрдор мегӯяд, ин иҷлосия 18 апрел баргузор шуда ва яке аз масъалаҳои баррасишаванда фармони Президент дар бораи таъиноти Рустами Эмомалӣ аст.
Рустами Эмомалӣ дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт аз ҳавзаи рақами 25 бо касби 84,80 дарсади овозҳо баранда шуд.
Ӯ 12 январ иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ