26 нафар кам 10 000: сироятёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 5 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9974 нафар расид.
Ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8794 ё худ 88,1%-и гирифторон шифо ёфта, 78 нафар вафот кардаанд.
Шабонарӯзи охир 57 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ