260 метр дарозӣ 10 даромадгоҳ. Истфодаи дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон
Дарозтарин гузаргоҳи зеризаминии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд, ки он дар мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» ҷойгир аст.
Тавре Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд ба cомонаи Pressa.tj хабар дод, ин гузаргоҳ 2-юми июли соли равон бо иштироки Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор гирифт. Гузаргоҳро соҳибкор Муртазо Алиев ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода додааст. Дарозии он 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст.
«Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад», — гуфт Маъмур Юсуфзод.
Дар мағозаҳои гузаргоҳи зеризаминӣ молу колои зарурӣ, анвои гуногуни ватанӣ, бахусус истеҳсолоти либосҳои дохилӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули кори эҷодкорон манзури харидорон карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ