Хомидовро Туркия озод кард
Абдурашид Ҳомидов, як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Гурӯҳи 24″, аз боздоштгоҳе дар Туркия озод шудааст.
Вай рӯзи 15 апрели соли 2016 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия дастгир шуда буд. Сӯҳроб Зафар, раҳбари як ҷиноҳи «Гурӯҳи 24», рӯзи 19 апрел гуфтааст, ки Тоҷикистон аз Туркия дархост карда буд, то ӯро истирдод кунанд.Охири моҳи январи соли 2017 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки барои боздошт ва истирдоди гумонбарон ба Туркия 22 дархост ирсол кардаанд, вале ин кишвар ба онҳо ҳеҷ посух надодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ