27 санаде, ки президентҳо имзо хоҳанд кард
Имрӯз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нахустин сафари давлатиаш вориди Тоҷикистон мешавад. Ин сафар ду рӯз давом мекунад.
Сухангӯи Мирзиёев гуфт, дар ҷараёни ин сафар Тошканд ва Душанбе ба 27 созишномаи ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард, ки муҳимтаринҳояш созишнома дар бораи қитъаҳои баҳсии марз ва равуои озоди шаҳрвандони ду кишвар хоҳад буд.
Комил Аламҷонов, сухангӯи раисиҷумҳури президенти Ӯзбекистон рӯзи 8 март гуфт, дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни Тошканду Душанбе 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид. Аламҷонов гуфт, теъдоди созишномаҳое, ки ба имзо бояд бирасанд, шояд боз ҳам бештар шавад.
Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9-10 март бо нахустин сафари давлатиаш аз Тоҷикистон боздид мекунад. Ӯ рӯзи 9 март бо Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат мулоқоти якбаяк хоҳад дошт ва сипас ҳарду раҳбар дар маросими имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ширкат варзида, барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ медиҳанд.
Комил Аламҷонов гуфт, дар анҷоми музокирот роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон як эъломияи муштаракро имзо мекунанд. Аммо аз миёни 27 созишномае, ки ба имзо мерасанд, сухангӯи Мирзиёев созишнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи баҳсӣ дар марзи байни ду кишвар ва созишнома дар бораи равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро фавқулодда муҳим номид.
Дар чорчӯби сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон дар Душанбе ҳамчунин ҳамоиши тоҷирони ду кишвар ва намоиши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, дар ҷараёни ин ҳамоиш дар Кохи «Истиқлол” ва намоишгоҳе, ки дар яке аз толорҳои Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд, байни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба маблағи 140 миллион доллар қарордодҳои ҳамкорӣ имзо шаванд.
Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ боздид мекунад. Ба Мирзиёев дар инҷо унвони профессори фахриро хоҳанд дод. Ӯ ҳамчунин рӯзи 10 март, дар рӯзи дуюми сафараш бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот хоҳад кард.
Ҳамчунин шоми 9 март дар Кохи Борбад як консерти бузурги ситораҳои аввали ӯзбеку тоҷик бо номи «Шоми дӯстӣ” баргузор хоҳад шуд. Дар ин консерт аз ҷониби Ӯзбекистон аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбек ва аз ҷониби Тоҷикистон Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Рустам Дулоев, ансамбли «Шашмақом”, Ҷӯрабек Муродов ва дигар ҳунармандони шинохта ширкат мекунанд. Рӯзи 8 март беш аз 100 хунарманд аз Ӯзбекистон барои ширкат дар ин консерт вориди Душанбе шуданд.
Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон сафари давлатии Мирзиёевро як сафари таърихӣ номида, гуфт, аз тарафи Тоҷикистон барои ин сафар ҳама чиз омода ва мувофиқа шудааст: «Аксарияти санадҳое, ки дар ҷараёни мулоқоти нахуствазири Узбакистон ба Тоҷикистон омода шуданд ва, ҳамчунин, дар ҷараёни сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Тошканд таҳия шуданд, ба имзо хоҳанд расид. Бисёр масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо намуданд.»
Дар арафаи сафари Мирзиёев ҳудуди 10 гузаргоҳ дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки солҳои 2009-2011 баста шуда буданд, аз нав кушода шуданд. Рӯзи 9 март, дар рӯзи оғози сафари президенти Ӯзбекистон қарор аст, нахустин қатори роҳи оҳан аз самти Ӯзбекистон вориди вилояти Хатлон шавад. Ин роҳи оҳан аз ҷониби Ӯзбекистон соли 2011 барчида шуда буд.
Равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар даврони Ислом Каримов дар тӯли беш аз ду даҳсола як марҳалаи пуртаниши шабеҳи ҷанги сардро пушти сар кард, баъди даргузашти Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба мақоми роҳбари аввали Ӯзбекистон расидани Шавкат Мирзиёев рӯ ба гармшавӣ овард. Мирзиёев ахиран дар як суханрониаш ба зарурати беҳбуди муносибатҳои Тошканд бо ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, «ҳамсояи бадро ҳатто Худо ҳам намебахшад.” Мирзиёев гуфт, ба ин хотир, ӯ бо шартномаҳои «катта-катта” ба Тоҷикистон меравад ва аз ҷумла табодули нирӯи барқ ва равуои қаторҳои роҳи оҳан бо ин кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро барқарор хоҳад кард.
Сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз гармшавии муносибатҳои Тошканду Душанбе гарм истиқбол мекунанд ва умедворанд, ки саҳифаи ихтилофу танишҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя дигар бебозгашт баста шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ