27-уми май. Бузургдошти ба таъхир афтодаи Муъмин Қаноат баргузор мешавад
Маҳфили 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат, ки бо сабаби марги нависанда Меҳмон Бахтӣ ба таъхир гузошта шуда буд, 27-уми май баргузор мешавад. Дар ин бора Ато Мирхоҷа — муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.
“Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 27-уми май, соати 10 дар толори хурд барпо мешавад. Пас аз маҷлис, соати 14 дар толори бузург маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат доир мегардад»,- навиштааст Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукии худ.
Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 90-солагии шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат, ки қарор буд соати 14:00-и 20-уми май дар Иттифоқи нависандагон баргузор шавад, ба далели марги Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, раиси собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вақти дигар гузошта шуд.
Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон 18-уми майи соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз бунёдгузорони шеъри нав дар адабиёти тоҷик маҳсуб мешавад. Муъмин Қаноат баъди Мирзо Турсунзода 2 навбат раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Даромад ба маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии Муъмин Қаноат озод аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ