3 ҳазор дона фиттаҳои пастсифат мусодира шуд
Семоҳаи аввали соли 2017 аз ҷониби кормандони Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак аз нуқтаҳои фиттафурӯшии шаҳру ноҳияҳои вилоят 2824 адад фиттаҳои пастсифату пастмазмун, дорои хусусияти ваҳшонияту зӯроварӣ мусодира ва нобуд карда шудаанд. Дар ин бора аз Хадамоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Тавре аз Идораи кино ва видеои вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни гузаронидани санҷишҳои муштарак ҳамзамон ба соҳибони дӯконҳои фиттафурӯшӣ тавсия дода шуд, ки барои риояи қонунҳои мавҷуда, аз ҷумла қонунҳои вобаста ба ҳуқуқҳои муаллифӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ