3 китоби нав дар Рӯзи матбуот

Ёдномаи модари “Ҷавонон…”

Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ва ба хотири 75-солагии мелоди собиқадори матбуоти кишвар Гулчеҳра Фозилова маҷмуаи “Гули матбуот” аз чоп баромад.

Китоб бо ибтикори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” баҳри қадрдонӣ ва подоши заҳматҳои зиёда аз 50-солаи Гулчеҳра Фозилова дар матбуоти кишвар рӯи чоп омада, фарогири мақолаву ёддошт, лавҳаву мусоҳибаҳо ва шеърҳое мебошад, ки дар давраҳои гуногун оид ба фаъолияту зиндагии марҳум навишта шудаанд.

Дар нигоштаҳои рӯзноманигорон Ш. Насриддинов, Қ. Мадалиев, М. Муҳаммад, С. Мизроб, Х. Атовуллоҳ, З. Исмоилзода, Ш. Назар, Х. Ховарӣ, Ш. Карим, М. Салимшоев, Ш. Эшонова, Б. Қаюмӣ, Ф. Умаралӣ, Ҳ. Тоҳирӣ ва дигарон аз хизматҳои Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Гулчеҳра Фозилова ёдоварӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Гулчеҳра Фозилова аз соли 1969 то нафаси охирин, яъне моҳи ноябри соли 2024 дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” кор кардааст. Ҳамчунин, ӯ муддате корманди нашрияи “Самар” ва ахиран корманди нашрияи “СССР” ҳам буд.   

Вазифа ва масъулияти муҳаррири телевизион

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик монографияи муҳаққиқи ҷавон Исматуллои Ҳабибуллои Нарзуллозода таҳти унвони “Вазифа ва масъулияти муҳаррири телевизион” ба нашр расид.

Рисола зери назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода нашр шуда, ба таҳқиқи вижагиҳои фаъолияти муҳаррир дар телевизионҳои «Тоҷикистон» ва «Сафина» бахшида шудааст. 

Муҳаққиқ дар диссертатсия аввалин маротиба фаъолияти муҳаррирро дар телевизион ҳамчун соҳаи мушаххас дар заминаи яке аз талаботи муосири истеҳсоли барномаҳои телевизионӣ таҳлил намуда, ҳамчунин, маҷмӯи проблемаҳо ва вазифаҳои фаъолияти муҳаррир дар телевизионро низ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Таҳаввули репортаж дар телевизионҳои Тоҷикистон

Монографияи муҳаққиқи ҷавон Ҳакимзода Раҳим Карим таҳти унвони “Таҳаввули репортаж дар телевизионҳои Тоҷикистон” дар арафаи рӯзи матбуот ба нашр расид.

Рисола ба таҳқиқи вижагиҳои яке аз мавзуҳои мубрам ва то имрӯз пажӯҳишнашудаи журналистикаи муосири тоҷик — таҳаввули жанри репортаж дар телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва «Душанбе» бахшида шуда, ҳамчун манбаи мукаммали иттилоотию таҳлилӣ ба доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

Дар монография аҳамияти репортаж дар низоми хабаррасонии рӯзноманигорӣ таҳқиқ гардида, роҳҳои беҳтар намудани истифодаи он ба миён гузошта шудааст.  Китоби мазкур зери назари номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода чоп шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image