3 медали самбочиёни тоҷик аз чемпионати ҷаҳон

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ, ки 11-13 ноябр дар шаҳри Софияи Булғория гузашт, иттилоъ дод:
-Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати ҳашт варзишгар дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон ширкат карда, се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Гуштигирон Ҷомии Ҳасанӣ дар вазни то 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Вале панҷ варзишгари дигари тоҷик — Акмалиддин Каримов (-57 кг), Хушқадам Хусравов (-62 кг), Мустафо Ҳасанов (-68 кг), Зафар Олимшоев (-82 кг) ва Шамшод Абдуллоев (-100 кг) — бе медал монданд.
М. Абдуллоев ёдрас намуд, ки паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар риштаи самбои варзишӣ ду медал ба даст оварда буданд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ байни бузургсолон мушарраф нашудааст.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *