3 миллион кӯдак гуруснагӣ мекашанд
СПАД дар бораи ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сӯҳбат кард Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки СПАД рӯзи 10 феврал зимни брифинг гуфт, дар наздикии марз бо Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор ҷангҷӯ аз ҷониби Афғонистон ҷамъ шудаанд.
«Дар наздикии марзи давлатӣ бо Тоҷикистон беш аз 40 пойгоҳ ва лагерҳои омӯзишӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 5 ҳазор ҷангҷӯ, ки узви гурӯҳҳои гуногуни террористӣ мебошанд, таҷаммӯ шудаанд», — гуфт Сидоров.
Ба гуфтаи созмонҳои башардӯстона, дар зимистони соли 2022 беш аз 23 миллион шаҳрванди Афғонистон бо мушкили шадиди норасоии ғизо рӯбарӯ мешаванд ва беш аз 3 миллион кӯдак гуруснагӣ хоҳанд дошт.
Eurasia Daily Дар навбати худ Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро афзоиш медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ