3 миллион кӯмаки Русия ба Тоҷикистон

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои зарардидаҳои тармафароӣ дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод. 
Ин кӯмак  40 тонна маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 3 миллион доллар мебошад. Ба иттилои расонаҳои русӣ,  ин ёрӣ аз хайма, рӯйпӯш ва дигар ҷиҳози зарурӣ низ иборат аст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтааст, ин кумак бо дастури Владимир Путин, президенти Русия интиқол ёфтааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди фаромадани тармаҳо дар шарқ ва шимоли кишвар барои кумак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Дар пайи офати табиӣ иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ дид, даҳҳо маҳалли аҳолинишин дар бунбаст қарор гирифта, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд расидааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *