3 млн сомонии Аҳмадзода аз буҷети вилоят барои мубориза бо коронавирус
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайрави ба президент ва ВКД, баҳри дастгирии табибон ва мубориза ба каронавирус аз буҷети вилоят 3 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ 1 млн сомонӣ ба дастгирии кормандони соҳаи тиб ва 2 млн сомонӣ барои таъмин намудани табибон бо либосҳои махсуси тиббӣ равона мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ давоми ду рӯзи истироҳат дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷҷаббор Расулови вилояти Суғд боз 2 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Рӯзи 2 май сокини 61-солаи ҷамоати Ғӯлакандоз (қаблан бемории диабет дошт) Маъруф Дӯстматов ва рӯзи 3 май сокини 66-солаи ҷамоати Деҳмой Акбар Актамов (бо таби баланд, сулфа, фишори баланд) вафот карданд.
Бояд гуфт, ки чанд рӯз қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ музди меҳнати моҳонаи худро ба суратҳисоби дар боло зикршуда гузаронид. Ҳайати раҳбарии ВКД-и кишвар 50%-и маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб гузарониданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ