3 мушкили маъюбон. Ба таваҷҷуҳи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо назардошти таҳавуллоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи башарӣ қишри осебпазири ҷамъият (маъюбон) ё ба шакли дигар — маълулон низ истисно набуда, дар шаклгирии шароити мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми бориз мегузоранд ва ҳамзамон гоҳе қурбонии муносибатҳои нобаробари иҷтимоӣ мегарданд…
1. Маъюбият маҳдудият нест
Дар мадди аввал мехостам дар мавриди истифодабарии вожаҳои «маъюб», «инвалид», «маълул», ки имрӯз ҷомеа соҳибони онҳоро ба сифати инсонҳои ғайри қобили кор, ғайрифаъолу бемор ва ғайра қабул кардааст (ин шева албатта кори даст ва фаҳми баъзе аз тарҷумонҳои забони соҳавию идорӣ ба шумор меравад), ҳарф бизанам.
Замоне калимаи invalidus—и лотиниро бо калимаи арабии «маъюб», ки решааш аз мафҳуми «айб» бармеояд, ифода намуда, ба ашхоси камбуди ҷисмию зеҳнӣ ва равонидошта мансуб донистаанд. Ҳол он ки камбудии ҷисмию зеҳнӣ айбдорӣ нест. Аммо имрӯз чуноне ки мушоҳида мекунем, шахсони бо амри сарнавишт дучори камбудии ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва равонигаштаро бо истифода аз ин калимаҳои дурушт ва дағал ва номақбул, ба монанди «инвалид ё маъюб» ном мебаранд. Ҳол он ки ҳаммаънои ин калима дар забони тоҷикӣ зиёд аст.
Солҳои охир ибораи «шахсони имконияташон маҳдуд», ки боз ҳам аз шакли русии ифодаи «люди с ограниченными возможностьями» гирифта шуда, тарҷумаи таҳтулафзӣ шудааст ва он маънои “одамони тамоман имконияти зист надошта”-ро ифода менамояд, серистифода гаштааст. Хотиррасон бояд кард, ки вожаи “маҳдудият” мафҳуми васеъ ва умумиро дар бар мегирад ва зимни истифодаи он хонанда ё шунаванда наметавонад муайян намояд, ки шахси мавриди назар аз кадом категорияи имкониятҳо маҳдудият дорад.
Мафҳуми “имконият” дар навбати худ ба чандин категорияҳо ҷудо мешавад, аммо мо онро ба маънои умумӣ ба афроди маъюб нисбат медиҳем ва ба назар чунин мерасад, ки гӯё номбурдагон тамоман аз имкониятҳои зисту зиндагонӣ маҳдуд бошанд. Мо бояд фаромӯш насозем, ки агар нафарони мавриди назар аз лиҳози ҷисмонӣ маҳрумият дошта бошанд ҳам, аз ҷиҳати зиндагиву фаъолият мебинем, ки ин гуна одамон пурэнержӣ ва соҳиби масъулияти баланде ҳастанд, ки инро алакай дар тамоми соҳаҳои самти фаъолияташон собит намудаанд. Бинобар ин, дуруст нест, ки афроди мавсуфро шахсони имконияти маҳдуддошта ном бубарем…
ПЕШНИҲОД БА ПАРЛУМОН
Лозим аст, ки вожаҳо ва ибораҳои мансубии дар боло овардашуда бояд аз тарафи вакилони муҳтарами парлумони кишвар мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода шуда, ба ҷойи калимаву ибораҳои нороҳаткунандаи ин қишри ҷомеа истифодабарии ибораҳои «шахсони камбудии ҷисмонидошта» ё «дорои норасоии ҷисмӣ» мавриди истифода қарор дода шавад.
2. Чаро маъюб хизматчии давлатӣ шуда наметавонад?
Конститутсия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии мамлакат имтиёз ба таҳсил, ки аз тарафи давлат баҳри шахсони маъюбиятдошта барои соҳиб гаштан ба маълумоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ, хизматрасониҳои тиббию кумакҳои иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва бисёр имтиёзҳои дигарро кафолат медиҳад.
Аммо моддаи 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳуқуқи фаъолияти шахсони маъюбиятдоштаро дар корхонаҳои давлатӣ сарфи назар мекунад ва омили ба вуҷуд омадани нобаробарии адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, зидди баробарӣ ва аз байн бурдани таъбиз баромад мекунад, яъне, шахси маъюб наметавонад хизматчии давлатӣ бошад. Худи ман ҳам дучори ҳамин ҳолат шуда будам, ки натавонистам дар корхонаҳои давлатӣ фаъолият кунам, барои ин корро кардан, бояд аз нафақаи маъюбии худ даст мекашидам.
Дар моддаи 16-и Қонуни мазкур қисми мавҷудияти беморӣ, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад; «ҚҶТ, 11.03.2010, №603» ҳамин бандро асос карда, корхонаҳои давлатӣ шахсони маъюбро ба кор намегиранд, дар ҳоле ки агар аз нафақаи маъюбӣ даст накашанд.
Ҳол он ки маъюбият беморӣ нест, ин камбуди ҷисмонии шахс аст, ӯ аз лиҳози ақлию фикрӣ ва донишу малакаи касб намудааш лаёқати кор карданро новобаста ба шакли моликияти корхона пеш бурда метавонад.
Бинобар ин, ҳамчун шаҳрванди ҷумҳурӣ ва дорои камбуди ҷисмонӣ аз вакилони Парлумони кишвар хоҳиш менамоям, ки моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бозбинӣ ва мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, вобаста ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа тағйиру иловаҳо дохил карда шавад.
Месазад, ки мавҷудияти бемориро дар ин банди моддаи 16 ба категорияҳо ҷудо намоянд, чунки шахси маъюб на дар ҳама ҳолат бемор ҳисобида мешавад.
Раёсати шуғли маъюбон
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки афроди маъюбиятдошта масъулияти хеле баланд нисбати кор ва зиндагӣ доранд. Аз нигоҳи илми равоншиносӣ, нафари маъюбиятдошта ҳангоме ки дар корхона (новобаста аз шакли моликият) кору фаъолият менамояд, худро соҳиби иродаи сангин ва қалби пурифтихор эҳсос мекунад ва ҳар лаҳза ба худ мегӯяд, ки “ман ҳам метавонам ё ки ман ҳам тавоноям”.
Бинобар ин, ҳамчун шахси дорои норасогии ҷисмонӣ ва соҳиби таҷрибаи ҳаётиву корӣ, дорандаи ду маълумоти олӣ ва шаҳрванди содиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки дар кишвар оид ба имтиёзҳои меҳнатӣ барои шахсони маъюбиятдошта, муқаррар намудани квотаҳои ҷои корӣ дар корхонаҳои давлатию хусусӣ бояд шароит фароҳам оварда шавад.
Ба андешаи банда яке аз роҳҳои бемамонияту мусоид барои дарёфти ҷои кори муносиб барои маъюбон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ кушодани “Раёсати шуғли маъюбон” аст. Самти асосии фаъолияти ин раёсат боя фақат пайдо намудани ҷойҳои холии корӣ дар корхонахои давлатию хусусии кишвар барои шахсони маъюб бошад. Мо бо ин роҳ мушкили бо ҷойи кор таъмин кардани маъюбонро ҳал мекунем.
Умедворем…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа доштанд: “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.
Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат умед дорем, ки дар оянда вазъи иҷтимоию иқтисодии табақаи осебпазири ҷомеа беҳбудӣ ёфта, боз ҳам шароити мусоидро фароҳам меорад.
Абдулазиз АШӮРОВ, маъюби гурӯҳи 2-юм
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ