3 тақозо аз вазири маориф ва илм
Дар қабули вазири навтаъиншудаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ширкат доштам. Чун солҳои тӯлонӣ дар соҳаи маориф кор мекунам ва борҳо дар қабули вазирони собиқи маориф будам, аз рӯйи таҷриба ҷараёни қабули вазири навро мушоҳида кардам…
Вазир бо тартиби муайян муроҷиаткунандагонро қабул карда, дарди дили онҳоро бо диққат шунида, ба зердастон супоришҳо медод.
Аз муомила, муошират, тарзи суханронӣ, дақиқкорӣ ва муносибати хуби Саидзода Раҳим Ҳамро шод гашта, боварӣ ҳосил намудам, ки баҳри иҷроиши супоришу дастурҳои Пешвои миллат, ислоҳи камбудии таълимгоҳҳо, сифати таълиму тарбия, донишу хирад, маълумоту маънавиёти омӯзгорон аҳамият дода, кори таълиму тарбияро таҳлили чуқур менамояд ва баҳри ояндасозони давлату миллат саҳмгузорӣ мекунад.
Аз минбари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” истифода карда, вазири муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамроро барои ба боварии Сарвари давлат сазовор шуданашон табрик гуфта, орзу дорам, ки ба муассисаҳои таълимӣ диққати махсуси хешро равона кунанд. Кош баъди вазирии Саидзода ҷамъоварии маблағҳои гуногун дар мактабҳо, ки чун «пули моҳона», «пули таъмир», «пули муҳофиз» ва ғайра маъмул шудааст, аз байн бардошта шавад. Дигар тақозои банда, ҳамчун омӯзгори собиқадор аз вазири муҳтарам ин аст, ки ҷараёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — кишвари азизи ман»-ро худашон бевосита таҳлил кунанд. Аз баъзе минтақаҳо ягон нафар дар ин озмунҳо ширкат намкунанд ё то имрӯз ягон нафар ҷойи ифтихорӣ нагирифтаанд, ки ин нишони паст будани сатҳи донишомӯзии мактабиён аст. Бояд пурсид, ки чаро вазъ чунин аст?
Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, руй бар мактаб биёр.
Дар охир аз вазири муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро мехоҳам, ки ба “ҳисобот”-ҳои зердастон, ки бисёр вақт фиреби назар аст, бовар накарда, худашон ҳарчи бештар аз мактабҳо дидан кунанд, аз наздик бо вазъи муассисаҳо ошно гардида, пешсафонро офарин гӯянд, дулобу сусткоронро мувофиқи амалашон баҳогузорӣ намоянд.
Боқӣ, тавфиқ ёратон!
Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН, омӯзгори собиқадор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ