3 усули халқии табобати диабети қанд

Чанд сол боз ба диабети қанд гирифтор ҳастам ва зери назорати табибон қарор дорам. Ба куҷое, ки наравам, ҳамеша доруҳоямро бо худ мебарам. Мудом бо дору гаштан ба дилам задааст. Шунидам, ки бо воситаи гиёҳҳо ва ҳатто бо барги баъзе дарахтон низ касалии қандро табобат карда мешудааст. Аз ҳамин хотир, ба шумо муроҷиат карда истодаам, то фаҳмам, ки ин гап асос дорад ё не?

Муродулло, н. Рӯдакӣ

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

— Муолиҷаи бемории қанд дар тиби гиёҳӣ ҳеҷ мушкиле надорад. Воситаҳои зиёде мавҷуданд, ки инсулинро ба меъёр медароранд, вале барои ин, муолиҷаро то ҳосил шудани беҳбудии комил идома додан лозим аст. Ман чанд усули содаи табобати касалии қандро бо воситаи барги дарахтон ба шумо мекушоям.

Якум. 25 грамм барги хушки чормағзро дар як литр оби ҷӯш муддати як соат дам карда, саҳарӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ якпиёлагӣ нӯшед. Ин амалро як ҳафта давом диҳед, беҳбудии комилро эҳсос хоҳед кард.

Дуюм. Барги тути сафедро хушк карда, кафмол намоед, то ба шакли хока дарояд. Онро ба рӯи ғизоҳое, ки истеъмол мекунед, пошед, сатҳи қанди хунро хеле паст мекунад.

Сеюм. Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта, хушк кунед ва 2 қошуқашро дар ним литр об андохта, ҳамагӣ 2-3 дақиқа ҷўшонед, сипас оташро хомӯш намуда, монед ним соат истад. Гиёҳобро соф карда, рӯзе 3 бор 50 грамм бинӯшед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *