30 ҳазор бар ивази ҷони фарзанд. Боздошти Гулонов Хуршед бо гумони одамрабоӣ

30-ҳазор бар ивази ҷонӣ фарзанд. Боздошти Гулонов Хуршед бо гумонӣ одамрабоӣ

Вобаста ба бедарак гардани Ҳоҷизода Абубакри 21-сола, кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрванд Гулонов Хуршед, сокини 36-солаи шаҳри Душанберо, ки бо ҷурми дуздӣ қаблан суд шудааст, дастгир намуданд.
Гулонов Хуршед, Ҳоҷизода Абубакрро дар давоми се шабонарӯз аз санаи 16 июн то 19 июни соли ҷорӣ рабуда дар таҳхонаи хонаи худ бо шароити ниҳоят вазнин нигоҳ дошта, зери шиканҷа ва латукӯб қарор додааст. Ҳамзамон аз волидайни Ҳоҷизода А. бар ивази раҳоии ӯ 30-ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Гулонов Хуршед ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Навор аз телеграмканали Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *