30 000 ниқоби ройгон аз ДМТ
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки ба сокинони Душанбе 30 000 ниқобҳои яккараторо ба таври ройгон паҳн намояд. Ин ташаббуси ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи чорабиниҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус сурат мегирад.
Тавре ки аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд, 24-уми сентябр дар даромадгоҳи “Шаҳраки донишҷӯён” бо иштироки ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар масъулин чорабинии фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯён гузаронида шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, гуруҳҳои фаҳмондадиҳӣ бо роҳбаладии Ҷамила Раҳмонзода, муовини ректори ДМТ оид ба тарбия дар назди даромадгоҳи “Шаҳраки донишҷӯён” -и донишгоҳ, бозори «Сафариён», даромадгоҳи беморхонаи “Шифобахш”, хиёбони Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангию фароғатии «Куруши кабир», «Ҷавонон», бозори «Сафариён», назди майдони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба роҳгузарон наздики 4 000 ниқоб супорида шуд.
“Дар пайи ин иқдом барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 дар назар аст, ки зиёда аз 30 000 ниқоб ба сокинони шарҳи Душанбе тақсим шавад. Ташабусро ректор гирифт ва ниқобҳо ройгон паҳн карда мешавад. Дар ҷараёни фаҳмондадиҳӣ ва тақсими ниқоб муовинони декани факултетҳо оид ба тарбия ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок менамоянд”- иттилоъ медиҳад донишгоҳ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ