30,9 грамм афюнро фурӯхту 10 сол гирифт

Муниршоҳ Ибодов барои ба даст овардани фоида ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда, ба номи шартии «Тура» маводи нашъадори навъи афюнро ба микдори 30,9 грамм фурӯхтааст ва дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ибодов Муниршоҳ Маҳмадиевич, ки ғайриқонунӣ ба муомилоти маводи нашъадор машғул будааст, боздошт гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, Муниршоҳ Ибодов барои ба даст овардани фоида ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда, ба номи шартии «Тура» маводи нашъадори навъи афюнро ба микдори 30,9 грамм фурӯхтааст ва дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

“Нисбати Ибодов М.М. бо моддаи 200 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки баъди бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди вилояти Хатлон пешниҳод гардид”, — омадааст дар иттилоия.

Ибодов М.М. бо ҳукми суд гунаҳгор дониста, 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *