30 -cолагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Туркия бошукуҳ таҷлил шуд
21-уми сентябр дар шаҳри Анқараи Туркия 30 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба таври мутантан таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур беш аз 300 меҳмон аз сохторҳои гуногуни Туркия ва ҳайати дипломатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи Президент, Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумон, Сафирони хориҷӣ, журналистон, намояндагони корхона ва ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъияти тоҷикони муқими Туркия иштирок намуданд.
Ашраф Гулов, Сафири Тоҷикистон дар Туркия дар оғози чорабинӣ қайд намуд, ки Истиқлол бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад ва имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръат рушд намуда истодааст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар давоми 30 – соли соҳибистиқлолии мамлакат мо тавонистем заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати миллиамонро таъмин карда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии онро афзун намуда, насли навро дар рӯҳияи ватандорӣ ва эҳтиром ба Истиқлолу озодӣ тарбия намоем.
Муовини раиси Маҷлиси Бузурги Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Ҷелал Адан халқи шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли миллӣ табрику таҳният намуда афзуд, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст-Тоҷикистону Туркия рушду таҳким ёфта, натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст.
Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур “Меваҳои болаззати Тоҷикистон” ва тоблуву нигораҳои наққошони чирадасти тоҷик ҳамчун рамзи кишвари сарсабз ва мардумони бофарҳангу тамаддун ба намоиш гузошта шуд. Дар ниҳояти чорабинӣ аҳли санъат ва ҳунармандони кишвар бо суруду таронаҳои ҷолиб, ки дар ғояи онҳо меҳри ватан ва ҳифзи арзишҳои ахлоқию инсонӣ ҷой дошт, табъи ҳозиринро шод намуданд. Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дустию ҳусни тафоҳум доир гардида, меҳмонон ба сатҳи ташкил ва баргузории чорабинии болозикр баҳои баланд доданд.
Фатҳиддини Замон, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ