30 мушак 35 касро кушту 134 нафарро захмӣ кард
Неруҳои Русия 13-уми март ба пойгоҳи низомии Украина дар наздикии марз бо Лаҳистон (Полша) 30 мушак партофтаанд. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳамла 35 кас кушта ва 134 нафар захмӣ шудаанд. Владимир Зеленский, президенти Украина ба неруҳои Русия ҳушдор дод, ки агар қасди ишғоли Киевро доранд, бо муборизаи марговар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина 18 рӯз гузашт.
Украина имрӯз ба ҳоли фарзандони худ мегиряд…
Пойгоҳҳои бузургтарин дар ғарби Украина
Мақомоти Лвов дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки «ишғолгарон ба маркази байналмилалии ҳифзи сулҳ ва амният дар шаҳри Яворив ҳамла карданд. Ин иншоот дар масофаи камтар аз 25 километр аз сарҳади Лаҳистон ҷойгир буда, яке аз пойгоҳҳои бузургтарин дар ғарби Украина ба шумор меравад. Украина аксар машқҳои низомии худро бо кишварҳои НАТО дар он ҷо мегузаронд.
Шаҳрдори Ивано-Франковск дар ғарби Украина низ гуфтааст, ки фурудгоҳи ин шаҳр ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Ҳамзамон, неруҳои Русия ба бомбаборони иншооти ғайринизомӣ дар минтақаҳои дигари Украина идома додаанд. Рӯзи 13-уми март дар ҳамла ба як бинои баландошёна дар Чернихов як кас кушта ва ҳафт нафар захмӣ шудаанд.
«Агар онҳо тасмим доранд, ки бо бомбгузорӣ таърихи минтақаро аз байн баранд ва ҳамаи моро нобуд кунанд, дар он сурат ба Киев ворид хоҳанд шуд. Агар мақсадашон ин аст, бигзор ворид шаванд, аммо бояд дар инҷо худашон зиндагӣ кунанд»,- гуфт Владимир Зеленский.
Президенти Украина афзуд, дар ҳафтаи сеюми ҳамлаҳои Русия баъзе аз шаҳракҳои хурд дигар вуҷуд надоранд. Ҳамзамон волии Чернихов, дар 150-километрии шимолу шарқи Киев, дар назди вайронаҳои меҳмонхонаи «Украина» навор гирифта, гуфтааст, ки «дигар чунин меҳмонхонае нест, аммо худи Украина ҳанӯз вуҷуд дорад ва пирӯз хоҳад шуд».
7 украинӣ захмдору як кӯдак кушта шуд
Бар асари тирборони Русия ҳазорон нафар дар шаҳрҳои муҳосирашуда банд мондаанд. Вазорати дифои Украина гуфт, рӯзи 12-уми март дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои Русия ба як корвони паноҳандагон 7 украинӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд. Онҳо мехостанд аз рустои Перемоха, 20-километрии шимолу шарқи Киев, фирор кунанд.
Маскав гуфтааст, барои гузаштани амни сокинон дар минтақаҳои даргирӣ «долонҳои башардӯстона» мекушояд, аммо мақомоти Украина Русияро ба бастани ин роҳҳо ва тирандозӣ ба тарафи мардуми осоишта гунаҳкор карданд. Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина рӯзи 12-уми март гуфт, аз 14 долони мувофиқашуда танҳо 9-тоаш боз аст ва тавассути онҳо тақрибан 13 ҳазор касро берун бурданд.
Ба иттилои Оҷонси Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, аз замони ҳамлаи Русия дастикам 2,5 миллион нафар аз Украина ба кишварҳои дигар гурехтаанд.
Вазорати дифои Бритониё мегӯяд, неруҳои Русия дар 25-километрии маркази Киев ҷамъ шуда, Харков, Чернихов, Сумӣ ва Мариуполи Украина дар муҳосира мондаанд. Дафтари кумакҳои башардӯстонаи СММ хабар дод, ки «дар шаҳри Мариупол миқдори ками маводи аввалия мондааст, доруҳо барои бемориҳои хатарнок ба зудӣ тамом мешаванд, шифохонаҳо қисман кор мекунанд ва обу хӯрок намерасад».
Вазорати корҳои хориҷии Украина 12-уми март гуфт, неруҳои Русия масҷидеро дар Мариупол тирборон карданд, ки дар он беш аз 80 калонсол ва кӯдак, аз ҷумла шаҳрвандони Туркия паноҳ ёфта буданд. Шаҳрдори Мариупол гуфт, шумори кушташудагон дар 12 рӯзи ҳамла аз 1500 нафар гузаштааст. Вай гуфт, тирпарронӣ боис шуд, ки кандани гӯрҳои дастҷамъиро бас кунанд ва аз ин рӯ «мурдаҳоро ҳатто дафн намекунанд».
Президент Зеленский мегӯяд, пас аз он ки неруҳои Украина 31 гуруҳи тактикии Русияро аз байн бурданд, Маскав сарбозону афсарони нав мефиристад. Ӯ дар муроҷиати видеоӣ рӯзи 12-уми март гуфт, ки «мо ҳоло ҳам бояд истодагарӣ кунем. Мо ҳоло ҳам бояд мубориза барем». Вай афзуд, ҳудуди 1300 сарбози украинӣ кушта шудаанд ва аз Ғарб даъват кард, ки дар музокироти сулҳ бештар фаъол бошанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков Иёлоти Муттаҳидаро дар ташдиди танишҳо муттаҳам кард. Вай иддао кард, ки «бо интиқоли силоҳи ғарбӣ ба Украина» вазъ печида шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Русияро ба таҷовуз ба хоки Украина гунаҳкор карда, ба зидди он кишвар таҳримҳои сахт ҷорӣ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ