30 нафар аз интернет кафеҳо боздошт шуданд
Кормандони милиси пойтахт беш аз 30 ноболиғону ҷавононеро, ки шабонгаҳ дар интернет-кафеҳо ҳузур доштанд, боздошт намудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин афродро, ки ба бозиҳои хусусияти зӯроварӣ дошта машғул будаанд, дар пайи баргузории рейди вижа дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе, муаяйн карданд. Ба гуфтаи масъулони вазорати корҳои дохилӣ, баъд аз анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ин боздоштшудаҳо раҳо гардидаанд, аммо дар нисбати волидайни онҳо барои нақзи қонуни “Масъулияти падару модар» парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Ҳамчунин дар қиболи бархе аз моликони марказҳои интернетӣ, ки ба ин ноболиғон бидуни доштани иҷозатнома бозиҳои хусусияти зӯроваридоштаро пешниҳод кардаанд, санад тартиб дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ