30 ва 20 000 сомонӣ барои ҳимояи рисолаи докторӣ, номзадӣ дар ДМТ
Ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода докторантону аспирантонро барои ҳимояи рисолаи илмӣ дар соли 2024 ҳавасмандии пулӣ мекунад.
Барои ҳимояи рисолаи докторӣ 30 ҳазор ва рисолаи номзадӣ 20 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ин ташаббуси ректор ба онҳое дахл дорад, ки омӯзгору корманди асосии ДМТ мебошанд. Инчунин, ба рисолаҳое дахл дорад, ки дар соли 2024 (аз 28.02.2024 то 31.12.2024) ҳимоя мегарданд.
Ин пешниҳоди Эмомалӣ Насриддинзода бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» , «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори зеҳнӣ, инчунин ба ҳам пайвастани илм ва истеҳсолот дар Шӯрои олимони донишгоҳ ҷонибдорӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки иқдоми ректори донишгоҳ озмун набуда, ҳавасмандӣ, кӯмак ва дастгирӣ нисбат ба омӯзгорону кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ