Раиси Шоҳмансурро ҳам нарх аз мансаб ронд

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ раҳбарони ду бозори калонтарини пойтахт – «Шоҳмансур” ва «Деҳқон”-ро ба сабаби хунукназарӣ нисбат ба кор ва нокомӣ дар амри гирифтани пеши роҳи болоравии нархҳо аз кор гирифтааст.

Дар шаҳрдории Душанбе ба сомонаи «Ахбор” гуфтаанд, ки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳанӯз рӯзи 31 май фармони барканории раисони бозорҳои «Шоҳмансур” ва «Деҳқон” Саймаҳмуд Мӯминов ва Зиёвиддин Наҷмиддиновро имзо кардааст. Ба ҷои онҳо ба раҳбарии ин ду бозори асосии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт Суннатулло Назаров ва Нурулло Алиев таъин шудаанд. Зиёвиддин Наҷмиддинов, раиси бозори «Деҳқон” як рӯз қабл барканориаш аз ин мақомро тасдиқ карда буд, вале гуфт, сабаби ин тасмими ҳукумати шаҳрро намедонад. Вале мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ки Мӯминов ва Зиёвиддинов ба сабаби хунукназарие, ки дар иҷрои вазифаҳои хидматии худ роҳ доданд, ташкили нодурусти кор ва аз даст додани лаҷоми назорати нархҳо аз мақомҳояшон барканор карда шудаанд. Як намояндаи раёсати савдо дар ҳукумати пойтахт ба «Ахбор” гуфт, «Рустами Эмомалӣ ба раисони тозатаъйиншудаи бозорҳои «Шоҳмансур” ва «Деҳқон” супориши қатъӣ додааст, ки воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро аз минтақаҳои кишвар ба ин ду бозор ташкил кунанд ва ба болоравии сунъии нархи маҳсулот дар бозорҳо роҳ надиҳанд.” Қабл аз оғози моҳи Рамазон Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо судури як қарори вижа ба раҳбарони бозорҳо дастур дода буд, то бо таъмини бозорҳо бо маҳсулоти фаровон ва тозаву тар дар моҳи шарифи Рамазон аз боло рафтани нархҳо пешгирӣ кунанд.Дар ин фармон аз ҷумла аз масъулони бозорҳои Деҳқон”, «Шоҳмансур” ва «Саховат” талаб мешуд, ки «бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва ба ин васила роҳ надодан ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе” савдогаронро дар моҳи Рамазон аз пардохти пули чеки ҳаррӯза озод карда, дар ду рӯзи охири ҳар ҳафта дар 4 гӯшаи Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил кунанд. Вале дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон мардум, ба хусус сокинони Душанбе аз афзоиши нархи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла дар бозори «Деҳқон” зиёд шикоят карданд.Аз ҷумла гуфта мешуд, ки маъмурияти бозорҳо мехоҳанд ба таври сунъӣ ва фармонфармоӣ савдогаронро ба фурӯхтани маҳсулоташон бо нархи арзон маҷбур кунанд. Ин ба навбати худ ҳолатеро ба вуҷуд овардааст, ки қассобон, барои мисол, бо нархи муқарраршудати 36 сомонӣ фақат як миқдор гӯшти сифаташ пасти ҳамроҳ бо устухону пардаву равғанро дар рӯи растаҳои худ мечинанд ва ба он муштариёне, ки гӯшти хубтар мехоҳанд, гӯшакӣ мекунанд, ки «гӯшти хуб ҳам доранд, вале бо нархи 40 сомонӣ барои як кило.”Ҳамин гуна, савдогарон бо нархи муқарраршудаи 3,80 сомонӣ як миқдор картошкаи нимаш пӯсидаро ба фурӯши озод гузошта, картошкаи хубро мисли солҳои Шӯравӣ пинҳонӣ ва ҳатто бо шиносбозӣ мефурӯхтанд. Бовар меравад, ки раиси бозори «Деҳқон” танҳо мансабдоре нест, ки нокомӣ дар амри лаҷом задани нархҳо сари мансабашро хӯрд. Интизор меравад, дар раҳбарии бозорҳои дигари пойтахт низ тағйироти кадрӣ сурат бигирад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *