Иқтисоди Русия рушд мекунад

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар соли 2017 иқтисоди Русия ба 1,3 дар сад афзоиш меёбад ва ин беҳбудӣ масрафро баъди ду соли коҳиши иқтисод дар кишвар таъмин мекунад. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки рӯзи 4 июн нашр шуд, афзоиши бозори Русия дар соли оянда 1,4 дар сад пешгӯӣ мешавад. Соли 2016 рушди иқтисод манфӣ буд ва дар сатҳи 0,2 дар сад қарор дошт.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамзамон таъкид мекунад, ки коҳиши дастрасии Русия ба бозорҳои байналмилалӣ метавонад суръати рушди иқтисодиашро кунд кунад. Маскав аз таҳримоҳои кишварҳои ғарбӣ, ки баъди дахолат ба авзои Шарқи Украина ва ишғоли Қрим ҷорӣ шуданд, зарар дид. Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки аз таъсири ҷонибии коҳиши иқтисоди Русия ва Украина, ҳамсоякишварҳои мисли Беларусия, Молдова ва Гурҷистон метавонанд суд бардоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *