Меҳрубон Фармонзода

31 адад никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд 31 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё бешаҳрванд ақди никоҳ бастаанд. Асосан бо шаҳрвандони Федератсияи Русия, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ақди никоҳ баста шудааст.

Дар ин бора сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Меҳрубон Фармонзода иттилоъ дод. Бино ба иттилои масъулин, 16 адад ақди никоҳ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 адад никоҳ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, 3 адад бо шаҳрвандони Чин ва бешаҳрванд, ҳамчунин 2 адад ақди никоҳ бо шаҳрвандони Федератсияи Русия ва 1-ададӣ бо шаҳрвандони Украина, Қазоқистон ва Туркия ба қайд гирифта шудааст.

“Аввалин шарте, ки мо барои никоҳшавандагон бо шаҳрвандони хориҷӣ мегузорем, ин бастани аҳдномаи никоҳ мебошад. Боз барои таъмини амнияти хонадоршавандагон бояд шаҳрванди хориҷӣ на кам аз 1 сол дар Тоҷикистон зиндагонӣ карда бошад”,- иброз намуд Меҳрубон Фармонзода.

Бояд зикр кард, ки дар вилояти Суғд давоми соли 2022-юм 107 ҳазору 588 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда, 4 ҳазору 302 адад никоҳ бекор шудааст. 

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *